Дастрасӣ ба иттилоот барои таҳияи матолиби рӯзноманигорӣ дар вилояти Хатлон торафт мушкил мешавад. Метавон инро дар муносибати сардори идораи нотариалии  вилояти Хатлон Хушвахт Ашӯров маънидод кард.

Рӯзи 15- уми августи соли равон ба идораи давлатии нотариалии вилояти Хатлон барои гирифтани иттилои зарурӣ рафтем. Пас аз чанд лаҳзаи интизорӣ пушти дари утоқи сардори идораи нотариалии вилоят Хушвахт Ашӯров билохира вориди утоқи кории ӯ гардидем. Баъд аз муаррифӣ ва хоҳиши гирифтани иттилоъ, ӯ бо баҳонаи он ки журналистон ба мо маълумотнома намеоранд, аз суҳбат худдорӣ кард ва гуфт: «Ман ба шумо суҳбат намекунам ва гуфтаҳои маро ба роҳбарони болоиятон расонед. Ман ба сардори раёсати адлия дар вилояти Хатлон ва вазири адлия ҳам ин гапҳоро гуфтаам». 

Дар боби дуюми Конститутсияи ҶТ омадааст: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад».

Ҳарчанд мехостем ба ӯ фаҳмонем, ки тибқи Қонунҳои амалкунандаи кишвар барои дастрас кардани иттилоот масъулед, вале ӯ бо исрор иброз кард ки «ҳуқуқшиносам ба андозаи шумо фаҳмиш надорам?». 

Ёдрас мешавем, ки аз ҷумла дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» омадааст: «Ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар ВАО аз ҷониби шахс, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, аз ҷумла дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи ВАО, ғайриқонунӣ боздоштан ва ё қатъ намудани фаъолияти он тибқи қонунгузорӣ боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд».

Дар баробари надодани иттилоъ, ба мо боз маълумотнома ё мактуби идораамонро талаб кард. Ҳамчунин таҳқиромез гуфт: «Журналистон дурӯғ мегӯянд».  Шахсе, ки дар вазифаи баланди давлатӣ фаъолият мекунад, набояд чунин муносибат дошта бошад. Агар муносибат бо намояндагони ВАО чунин аст, пас аз ҷониби ин масъули давлатӣ бо мардуми оддӣ чӣ гуна бархӯрд сурат мегирад?

Аҳмадҷон Раҳимзода

Раҳмоналӣ Додархуҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here