Хабарҳои расидаро дар бораи далели ҳалокати сардори фурудгоҳи Хоруғ раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода рад карда гуфтааст, ки Дилдор Мақсудшоев аз бемории дил вафот кардааст.

Раиси ноҳияи Дарвоз ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки «ба маълумоти шумо ҳамчун раиси ноҳия мерасонам, ки ин мард ду бор сактаи қалб гирифта буд. Як клапани дилашро иваз карда буданд. Фавтидани ӯ ба омадани Ҷаноби Олӣ ягон вобастагӣ надорад. Ин одам чанд сол аз бемории дил ранҷ мебурд. Ӯ ба масъалаи қабул ягон алоқамандӣ надорад. Сад дар сад хулосаи пизишкон аст, ки ӯ аз бемории дил фавтидааст. Ҳама бемории ӯро медонист. Ду рӯзноманигори телевизиони Хоруғ ҳатто шоҳид ҳастанд.”

Дар хусуси марги Мақсудшоев расонаҳо бо истинод аз ШВКД-и ноҳияи Дарвоз навишта буданд, ки сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Дилдор Мақсудшоеви 60-сола нимаи дуюми рӯзи 13-уми сентябр ҳангоми гусели Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Дарвоз ба Душанбе ҷароҳат бардошта, ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ки дар вақти аз замин боло шудани чархбол Мақсудшоев дар масофаи хеле наздик ба он қарор доштаааст, ки шамоли сахти парраҳои чархбол ӯро ба гилем печонидааст. Шамол гилемро ҳамроҳ бо сардори фурудгоҳ ба болои санги бузурге партоб кардааст. Аз ҷароҳатҳои бархӯрд ба санг Дилдор Мақсудшоев дар роҳ ба бемористон фавтидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here