11-уми октябр вакилони палатаи поёнии Парламенти Тоҷикистон  ба лоиҳаи Қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»  тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки тибқи он минбаъд сарбозону афсарони неруҳои мусаллаҳи ҶТ, ки никоҳи қонунӣ доранд ва соҳиби ҳамсару фарзанданд,  дар ним сол  ба муҳлати аз 20 то 30 рӯз ба рухсатӣ мераванд ва роҳкиро барои онҳо аз ҳисоби  қисмҳои низомӣ пардохт мегардад. 

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, муовини якуми вазири мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, ки масъалаи мазкурро дар назди вакилони Парламент тавзеҳ дод, гуфт, ҳамчунин тибқи ин тағйирот минбаъд  сарбозону афсароне, ки оиладоранд, дар масофаи на камтар аз 100 километр аз маҳалли зисташон хизмат хоҳанд кард. Инчунин, сарбозоне, ки соҳиби як фарзанданд ва дар идомаи хизматашон фарзанди дуюмашон таваллуд мешавад, аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мегарданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here