Сарбози Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон Мансур Наврӯзов барои куштори лейтенант Муносиб Олимбеков ба муддати 10 сол равонаи зиндон гардид. Дар ин бора ОИ “АП” иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳукми суди ҳарбии гарнизони Хоруғ 25-уми феврал содир гардид. Марзбон барои куштори лейтенант Муносиб Олимбеков ва кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Афғонистон гунаҳкор дониста шуд.

Гуфта мешавад, ҳодисае, ки бо куштори афсар анҷом ёфт, 7-уми декабри соли гузашта дар дидбонгоҳи марзии наздики шаҳри Хоруғ рух додааст. Лейтенант Муносиб Олимбеков, муовини сардори дидбонгоҳи марзӣ, аз захми чанд тири сарбози 19-сола Наврӯзов ба ҳалокат расидааст.

Муноқиша миёни сарбоз Мансур Наврӯзов ва афсар барои телефони мобилӣ сар задааст. Сарбоз Мансуров чунин гуфтааст: «Лейтенант Олимбеков телефони дастии маро гирифта ба рӯям шаллоқ зад. Ман ба ғазаб омада, ӯро парронидам».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here