Дар Панҷакент ба муносибати 25-солагии таъсисёбии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ин шаҳр конфронси илмӣ-амалии ҳизбиёни вилояти Суғд таҳти унвони «Саразм — муаррифгари таърих ва тамаддуни тоҷикон» баргузор гардид.

Конфронсро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода оғоз карда, гуфт, ки дар ин конфронс аз 18 шаҳру деҳоти вилояти Суғд меҳмонон ширкат доранд. Сипас, муовини раиси шаҳри Панҷакент Парвиз Шодизода, нахустин раиси ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, ҳозиринро шодбош гуфта, роҷеъ ба омодагиҳо ба муносибати ҷашни 5500-солаги Саразми бостон маълумоти муфассал дод.

Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлуба Сатториён зимни баромади хеш гуфт, Саразм ин фахри тоҷикон ва ба гуфтаи олимони бостоншинос муаррифгари тамаддуни кишоварзию шаҳрсозӣ барои ҷаҳониён аст.

Ҳамчунин, сарвари ҳафриёти Саразм Нориниссо Худоёрова дар бораи  дарёфти таърихи Саразм ва аҳамияти он барои имрӯзу фардо суханронӣ кард. Ӯ таъкид кард, ки айни замон 333 адад ёдгории таърихӣ дар шаҳру рустои Панҷакент мавҷуданд, ки омӯхта мешаванд.

Ба қавли хонум Худоёрова баъди Саразм мавзеи таърихии дигар ин Панҷакенти қадим аст, ки он ҳануз аз соли 1936 ва 1946 ҳафриёт аз ҷониби олмони шинохтаи рус Якубовский, Маршак ва имруз яке аз шогирдони эшон олими машҳури соҳаи бостоншиноосӣ Павел Лурйе гузаронида мешавад. Баъдан олимону коршиносони дигар дар мавзуи сайёҳӣ ва аҳаимияти он, омӯзиши таърих ва амсоли инҳо маърӯзаҳо карданд.

Дар рафти конфронс ба ҳозирин филми мустанаде дар бораи Саразми бостон ва рафти корҳои бостншиносӣ намоиш дода шуд. Сипас, барои иштирокдорони конфронс як консерти дилнишин аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Панҷакент намоиш дода шуд.

Шоҳин Облоқулзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here