Таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири маъруф Камоли Хуҷандӣ дар Конфронси кулли ЮНЕСКО, ки 12-28 ноябр баргузор гардид, бо иттифоқи оро ба рӯйхати солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуданд.
5500-солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид.