Сарояндаи халқии СССР, вакили Думаи давлатии Русия Иосиф Кобзон дар синни 80-солагӣ фавот кард. Дар ин бора наздикони сароянда ба расонаҳои русӣ иттилоъ додаанд.

Наздикони сароянда гуфтаанд, рӯзи 20-уми июл Иосиф Кобзонро дар ҳолати вазнин ба шуъбаи нейрохирургии яке аз беморхонаҳои Маскав интиқол дода, ба таҷҳизоти ёридиҳандаи нафаскашӣ пайваст кардаанд.

Табибон ҳануз соли 2005 дар вуҷуди сарояндаи эстрадаи Русия Иосиф Кобзон бемории саратонро муайян кардаанд. Баъдан сароянда чанд бор ҷарроҳӣ ва курсҳои кимиёдармониро низ аз сар гузаронидааст.

Иосиф Кобзон 11 сентябри соли 1937 дар шаҳри Часов Яри вилояти Донетски Украина ба дунё омада, овозхониро хеле барвақт, замони кӯдакӣ оғоз кардааст.

Гуфта мешавад, ӯ замони 9-сола буданаш дар Кремл, дар рӯ ба рӯи Котиби Кумитаи марказии Ҳизби умумииттифоқии коммунистии болшевикон Иосиф Сталин суруди «Парвози паррандаҳои ваҳшӣ»-ро иҷро карда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here