Имрӯз, 28 ноябр, дар Душанбе ҷаласаи чоруми минтақавии гуруҳи ҳамоҳангсози Барномаи мусоидат ба идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ ( марҳалаи 9, БОМКА 9) баргузор гардид.

Барномаи мазкур аз чониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст. Дар ҳамоиши мазкур, ки ҳамасола гузаронида мешавад кӯмакгирандагони Барнома: намоядагон аз кумитаи сарҳадбонон, хадамоти гумрукӣ, вазорати корҳои хориҷӣ, Консорсиуми БОМКА, Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо дар якҷоягӣ натиҷаҳои бадастовардаи Барномаро баҳогузорӣ намуда, муваффақиятҳо ва мушкилиҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин иштирокдорони ҳамоиш нақшаҳоро барои идома додани Барномаи БОМКА то охири соли 2019, аз ҷумла афзалиятҳои минтақавӣ ва манфиатҳои миллиро дар солҳои наздик дар самти идоркунии сарҳадот баррасӣ карданд.

Нахустин чорабиниҳои Барномаи БОМКА соли 2003 гузаронида шуд. Аз ҳамон давра Барномаи БОМКА ҳамкории худро бо ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи мусоидат ба идоракунии сарҳадот мустаҳкам намуд. Ҳадафи умумии барнома, баланд бардоштани самаранокии идораи сарҳадот дар ОМ тавассути ҷорӣ кардани усулҳои пешрафтаи «Идоракунии маҷмӯии сарҳадот» (ИМС),  мусоидат ба ҳукуматҳо дар рушд ва ислоҳоти идоракунии давлатии муҳоҷират, мусоидат кардан ба тағйирпазирӣ ва савдо, васеъ кардани имкониятҳои хадамоти сарҳадот ва муҳоҷират, мусоидат ба таъмини бехатарӣ ва рушди иқтисод дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Тӯли солҳои 2003-2019 Иттиҳоди Аврупо  барои татбиқи Барномаи БОМКА дар ҳаҷми 40,1 миллион евро маблағ ҷудо кардааст, ки аз ин маблағ 6,6 миллион евро барои татбиқи марҳалаи 9-и Барнома (солҳои 2015-2019) рост меояд.

Бибиҷон Ашӯрова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here