Саодат Саломова, фарзанди ҳунарпешагони театр ва кино Ислом Саломов ва Сайрам Исоева, бар асари иштибоҳи духтурон ва таъиноти нодурусти онҳо ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора ҳимоятгари хонаводаи ҳунармандон Дилафрӯз Самадова  ба мо  хабар дод.

 

Бино ба иттилои хонум Самадова, ҳанӯз охирҳои фасли зимистони соли 2017 ҳолати Саодат Саломова бад мешавад. Табаш баланд мегардад ва табобатҳо ҳолатшро беҳ намекунанд. Модараш Сайрам Исоева барои табобати фарзандаш ба Раёсати тандурустии вилоят муроҷиат мекунад, то барои ташхису табобати духтараш ягон мутахасиси соҳибтаҷриба фиристода шавад. Муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳоҷибоев шахсан худаш ба хонаи ҳунарпеша меояд ва ҳамроҳаш духтур С. Аминчоноваро аз беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 меорад ва ӯро барои табобату назорат ба Саломова мутасаддӣ мекунад.

Бемор Саломова то 18-уми марти соли 2017 бо таъйиноти духтур С. Аминҷонова муолиҷа мегирад, аммо пагоҳаш ҳолаташ бад шуда ӯро ба беморхона меоранд ва  дар шӯъбаи эҳё бистарӣ мешавад.

Хулоса, пас аз машварат духтурон ба хулосае меоянд, ки бемор Саломова гирифтори бемории сил будааст ва ӯро ба Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сили вилояти Суғд мебаранд. Дар он ҷо баъди истеъмоли доруҳо ҳоли бемор ба ҷои хуб шудан, баракс бад мешавад. 1-уми апрели соли 2017 Саодат Саломова вафот мекунад. Модараш Сайрам Исоева бар он бовар буд, ки духтараш гирифтори бемории сил набуду маҳз иштибоҳи духтурон ӯро ба чунин марг расонид. Имкони табобати дурусту шифо ёфтани ӯ мавҷуд буд, зеро онҳо мехостанд, ки Саодат Саломоваро барои табобат ба хориҷи кишвар баранд.

Дилбар Самадова вакили мудофеъи хонаводаи ҳунармандон мегӯяд: “Гирифтор набудани Саодат Саломова ба бемории силро ҳанӯз табибон дар вақти зинда буданаш дар машварти рӯзҳои 28-29-30-юми март фаҳмида буданд, аммо барои мо маълум нест, ки чаро самти табобатро тағйир надоданд”.

Ҳамчунин, дар асоси тадққиқоти биологӣ муайян карда шудааст, ки балғаме, ки санаи 20 марти соли 2017 дар таҳлилгоҳ дида шуда, аз он Саломова гирифтои бемории сил дониста мешавад, ба ӯ таалуқ надоштааст.

Суди шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноиро доир ба ҳодисаи мазкур барои барассӣ гирифтааст.

Хуршед Фозилов

Дар акс: Маросими ба хок супоридани ҷанозаи Саломова. Акс аз “Озодӣ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here