Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо гумони ғоратгарӣ як марди зодаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва феълан истиқоматкунандаи ноҳияи Синои пойтахтро боздошт кардааст, ки ба гуфтаашон, ба таври ошкоро молу мулки ғайрро тасарруф карда, ба ҷабрдидагон зарари молии зиёд расонидааст.
Манбаъ аз гумонбар Бозоров Раҳмиддини 21-сола ном бурда, мегӯяд, ӯ бо лақаби “Сангак” маъруф будааст, аммо дар хусуси он ки чаро гумонбар маҳз лақаби “Сангак”-ро ба худ гирифтааст, чизе гуфта намешавад. Мақомот номбурдаро дар чор ҳолати ғоратгарӣ мутаҳҳам кардааст, ки зимни тафтишот муайян шудааст.
“Номбурда санаи 25-уми сентябри соли ҷорӣ тахминан соати 02:00 шаб ҳангоми дар кӯчаи Гипразем дар дохили тарабхонаи «Самира» қарор доштанаш, ба таври ошкоро, як адад телефони мобилии шаҳрванд Шарифов Алишер соли таваллудаш 2000, донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат, ки 5 500 сомонӣ арзиш доштааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Ҳамчунин як адад телефони мобилии як нафар сокини пойтахтро, ки 2 000-сомонӣ арзиш доштааст ба таври зурӣ аз они худ намудааст. Инчунин, номбурда ду гарданбанди тиллоии ду нафар сокинони дигари пойтахтро низ ошкоро тасарруф кардааст”.
Гуфта мешавад, феълан тафтишот идома дорад ва нисбат ба гумонбаршаванда Бозоров Раҳмиддин бо моддаи 248 қисми 2 (Ғоратгарӣ) Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Сардори раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал Шариф Назарзода ҳафтаи гузашта зимни як Ҳамоиш дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва қарорҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, баланд бардоштани маърифат ва маданияти ҳуқуқии ҷавонону наврасон ва пешгирӣ аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев доир гардид, аз афзоиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону ноболиғон, махсусан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда гуфта буд, ки “аксари ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ва кирдорҳои зиддиҳуқуқии таъсири васеи ҷамъиятидошта маҳз дар ҳудуди ноҳияи Сино содир мешаванд”.
Ин як аньанаи хуби милли так,лид ба пешинийони худ, аз ин сабаб, номи Сангак робингуди мардумиро х,амчун лак,аб интихоб намудааст.