Кормандони милитсия дар Душанбе дар ин ҳафта дар ду маврид пеши роҳи фурӯши ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳоро гирифтаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.

16-уми оутябр дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони ба фурӯш баровардани 4 адад санги қимматбаҳо дастгир гардид.

Мувофиқи маълумотномаи нозироти давлатии Иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сангҳои мусодирашуда, сангҳои коргарднашудаи қимматбаҳои навъи ёқут ва рубин буда, вазни умумиашон 53,44 грамм ва арзишашон 1314,41 сомониро ташкил медиҳад.

Кормандони милитсия ду марди сокинони шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир карданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ин мардон, ки яке 42 ва дигаре 30-сола аст, мувофиқи маълумотномаи нозироти давлатии Иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 адад санги қиматбаҳои намуди рубин бо вазни 22 грамму 43 милиграмм ва 1 адад санги қиматбаҳои намуди лаъли асил бо вазни 3 грамму 31 милиграмм, ҷамъ ба миқдори 25 грамму 74 милиграмм, дарёфт ва мусодира карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here