Имсол иди Қурбон дар Тоҷикистон, чун дар дигар кишварҳои мусалмонӣ, 1-уми сентябр таҷлил мегардад. Дар ин бора Маркази исломшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, эълон кард.
Зикр шуд, ки 1 сентябр соати 6:00-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди Қурбон баргузор мегардад. Санаи таҷлили иди саиди Қурбон мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.
Дар ҷаласа ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ дастур дода шуд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳо — сулҳу оромӣ, хайру ёрӣ ба ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвар, инчунин худдорӣ намудан аз зиёдаравиҳо дар мавриди оростани дастархони идона сухан кунанд.