Дар Чемпионати ҷаҳонии самбо, ки дар кишвари Сербистон баргузор шуд, Тоҷикистонро чор нафар намояндагӣ карданд ва ҳама соҳиби медал шуданд. Акмалиддин Каримов, Комроншоҳи Устопириён, Хушқадам Хусравов ва Самеъҷон Абдушукуров буданд, ки шарафи кишвари моро дар ин мусобиқа ҳимоя каранд.

Акмалиддин Каримов  дар самбои варзишӣ дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг дар се қувваозмоӣ пирӯз шуда, ба финал баромад. Каримов аввал Нгуен Рубинро аз Фаронса шикаст дод. Баъдан намояндаи Ӯзбекистон Бектош Назаровро мағлуб кард. Сипас, ӯ бар Андрей Лашичук аз Украина дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Рақиби Акмалиддин дар финал Владимир Гладких аз Русия буд. Дар ин набард Акмалиддин бо қарори довар аз рақибаш шикаст хурда, барандаи медали нуқра шуд.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар ин мусобиқа соҳиби медали биринҷӣ шуд. Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг дар ду қувваозмоӣ пирӯз шуда, дар яке мағлуб шуд. Ӯ дар набарди якумаш Шокирӣ Ал-Ҳаюниро аз Марокаш бо усули «дард додани даст» шикаст дод, вале баъд аз варзишгари маъруфи Русия Сергей Рябов бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Дар идома Комроншоҳ барои ҷойи сеюм бар Ярослав Давядчук аз Украина бо ҳисоби бузурги 6:0 дастболо шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Хушқадам Хусравов дар вазни то 62 кг дар майдондории якумаш аз Александр Матайси русиягӣ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Сипас, ӯ дар даври тасаллобахш бар Небоҷса Николиси сербистонӣ ғолиб омада, барои ҷойи сеюм Фарҳод Абжалиеви қирғизро мағлуб кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Самеъҷон Абдушукуров, ки Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳони самбо миёни наврасон дар вазни 87 кг намояндагӣ мекард, сазовори медали биринҷии мусобиқаи мазкур гардид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here