Як гурӯҳ устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои давлатии Самарқанду Тирмиз, Донишгоҳи ховаршиносии Тошканд, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳон, Академияи байналхалқии исломӣ, Донишгоҳи забон ва адабиёти ӯзбек ба номи Алишери Навоии Ӯзбекистон дар Маркази омӯзиши забони форсӣ барои хориҷиёни Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ забони форсӣ меомӯзанд. Мо қаблан дар ин бора хабар дарҷ карда будем.
Дар ҷараёни яке аз машғулиятҳои омӯзишӣ мудири марказ Ризо Мурод Саҳроӣ гуфт, ки устодону донишҷӯёни ӯзбекистонӣ баъд аз зуҳр ба дафтари Бунёди Саъдӣ даъват шудаанд.
— Оқои Ҳаддод Одил аз донишмандони бузурги илму адабу фарҳанги Эрон ҳастанд ва бори раиси Бунёди Саъдӣ низ ба дӯши ишон мебошад. Ҳама ба ҳузури он кас меравем. Умедворам, ки ин мулоқот бароятон аз манфиат холӣ нахоҳад буд ва дар зеҳни шумо вақти дароз боқӣ хоҳад монд,-илова кард Ризо Мурод Саҳроӣ.
Дафтари Бунёди Саъдӣ дар яке аз минтақаҳои хубу барҳавои шаҳри Теҳрон воқеъ гаштааст. Мулоқот дар толори барҳавои ин бунёд баргузор шуд.
— Ташрифи устодону донишҷӯён аз донишгоҳҳои мухталифи кишвари шумо, ки он ҷо забони форсӣ хеле васеъ омӯзонида мешавад, боиси сарфарозии мост. Дар даҳ соли охир фаъолиятҳои зиёде оиди омӯзиши забони форсӣ барои хориҷиён дар Эрони мо роҳандозӣ гардиданд. Аз ин шумор фаъолиятҳо таъсиси Бунёди Саъдӣ ва Маркази омӯзиши забони форсӣ барои хориҷиёни Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ мисоли равшан мебошанд,-гуфт оқои Ҳаддод Одил.
Вай афзуд, ки намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори нахуст дар яке аз давраҳои омӯзиши забони фомаркази Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ ширкат мекунанд. Ба таъкиди оқои Ҳаддод Одил ҷойгоҳи Ӯзбекистон дар таърихи рушди забони форсӣ хеле бузург аст ва зимни омӯзиши забони форсӣ ҳеч гоҳ наметавон аз Самарқанду Бухоро ёд накард.
— Дар гузашта Самарқанду Бухоро чашму чароғи забони форсӣ маҳсуб меёфт. Аз чанд шаҳрҳои бузурги мо, ки дар Хуросон доштем, ин ду шаҳрҳои бузургтарин шумурда мешуданд ва шӯҳраташон низ беназир буд. Агар донистан хоҳем, ки ин шӯҳрат чи қадар боло буд, бояд ба “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддини Балхӣ муроҷиат кунем,-тазаккур дод раиси Бунёди Саъдӣ.
Тавре оқои Ҳаддод Одил тазаккур дод, Мавлоно дар ин маснавӣ борҳо аз Самарқанду Бухоро ном бурдааст ва ин беҳуда нест. Бино ба гуфтаи раиси Бунёди Саъдӣ агар давраи то ҳамлаи муғулро ёдовар шавад, маркази хилофат шаҳри Бағдод буд. Дар ин давра касоне, ки наметавонистанд ба Бағдод бираванду ба таҳсили илм машғул шаванд, ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Нишопур мерафтанд.
— Самарқанду Бухоро дар шарқи ислом нақши шаҳри Бағдодро иҷро мекарданд. Ин шаҳрҳо маркази илму фарҳанг ва тамаддунсози он замон буданд. Бо фарқ аз шаҳри Бағдод дар Самарқанду Бухоро омӯзиши илму фарҳанг ба забони форсӣ буд. Бинобар ин ҳузури шумо, меҳмонони ӯзбекистонӣ, ки барои омӯзиши забони форсӣ ба Эрон омадаед, нишонаи талоши шумо барои ҳифзи илму фарҳанги кишвари худатон мебошад,-гуфт оқои Ҳаддод Одил.
Вай дар пайи суҳбат ишора кард, ки мутаассифона то ҳанӯз ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ягон сафареро анҷом надодааст, аммо дар пайдо шудани имконияти аввалин ба Ӯзбекистон хоҳад омад. Раиси Бунёди Саъдӣ ба он нукта низ таъкид кард, ки дар китобхонаи Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон ба номи яке аз донишмандони бузург Абӯрайҳони Берунӣ китобу дастхатҳои зиёде маҳфузанд, ки як теъдоди онҳо ба забони форсӣ навиштаву хаттотӣ шудаанд.
— Ин нусхаҳои китобу дастхатҳоро аз Шерозу Исфаҳону Теҳрон ба Тошканд набурдаанд, балки ин нусхаҳо дар ҳамон ҷо навиштаву эҷод шудаанд. Нависандаву хаттотҳои ин китобу дастнависҳо аз ҳамон ҷоянд, ки шумо омадаед. Азизони ӯзбекистонӣ, ҳамаи инҳо моли шумост, вале ба забони форсӣ навишта шудани он хазинаи маъонӣ баёнгари он мебошад, ки забони форсӣ муддати дароз забони адабу фарҳанг маҳсуб меёфт,-иброз дошт оқои Ҳаддод Одил.
Мавсуф мӯътақид буд, ки ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо омӯхтани забони форсӣ калиди сандуқчаи ин осори ғановатмандро пайдо мекунанд, ки дар он дурри бекарони илму адабу фарҳанг нуҳуфтааст. Яъне қудрату тавоноии онҳо маҳз аз тариқи омӯхтани забони форсӣ ба дасташон меояд.
— Ин ҷо намояндагони Туркия, Куриёи Ҷанубӣ, Тунис ва Хитой низ ҳузур доранд. Эрон бо ин кишварҳо равобити иқтисодӣ дорад ва мо аз ин ҳамкориҳо хеле хуб истиқбол мекунем. Ҷавонони ин кишварҳо маҳз барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Эрон омада забони форсӣ меомӯзанд,-гуфт раиси Бунёди Саъдӣ.
Маълум шуд, ки оқои Ҳаддод Одил аз шоирони муосири Эрон низ муаррифӣ шудааст ва муаллифи якчанд китоби ашъор мебошад. Бар асоси хоҳиши иштирокчиёни мулоқот ӯ аз маҷмӯаи ашъори тозанашри худ ба номи “Ҳанӯз ҳам…”, ки гуфта мешавад, навакак аз танури нашриёт канда овардаанд, намунаеро бо эҳсоси том хонд ва мавриди истиқболи гарми онҳо қарор гирифт.
Дар поёни суҳбаташ оқои Ҳаддод Одил гуфт, ки мулоқот бо меҳмонони ӯзбекистонӣ бо ҳамин хатм намешавад. Вай онҳоро ба маҳфили “Маснавихонӣ” даъват кард, ки дар ҳавлиаш баргузор мегардад. Боз ваъда дод, ки аз ин китоби наваш бо соядаст барои ҳама тӯҳфа хоҳад кард.
— Оқои Ҳаддоди Одил кайҳо боз ҳафтае як бор маҳфили “Маснавихонӣ” баргузор мекунанд. Шумо метавонед бо ширкати худ доираи иштирокчиёни ин маҳфилро фарохтар созед. Гузашта аз ин, ҳузури шаҳрвандони ӯзбекистонӣ дар ин маҳфил бори нахуст сурат мегирад. Умедворам, ки маҳфили “Маснавихонӣ”-и устод ҷиҳати дарки бештари маънои достонҳои “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ хеле мусоидат хоҳад кард,-афзуд оқои Саҳроӣ.
Вақте ки рӯзи муқарраршуда фаро расид, толори васеи ҳавлии устод Ҳаддод Одил аз марду зани бисёр лабрез гардид. Интизор мерафт, ки онҳо аз шумори мухлисони ашаддии осори Мавлавии бузургвор ҳастанд. Оқои Ҳаддод Одил дар баробари дигарон меҳмонони ӯзбекистониро бо таъоруфи хос хайрамақдам гуфт ва барои ширкат арзи сипос намуд. Вай баъд худро барои қироат омода кард. Лаҳзае ҳама сокит шуданд ва ҳушу гӯшҳо ба сӯи оқои Ҳаддод Одил дӯхта гардиданд.
Вай оҳиста ба хондани “Маснавии маънавӣ” шурӯъ кард. Вай чанд байтро аз он хонд ва маънои ин байтҳоро ба таври возеҳ тафсир намуд. Забонаш хеле содаву фаҳмо, вале хеле бурро ҳарф мезад. Баъди каме таваққуф ба қироату тавзеҳи маънои идомаи достони Мавлавӣ идома дод. Маълум шуд, ки оқои Ҳаддод Одил аз донандагони беҳтарини осори Мавлавии Балхӣ мебошад.
Бо ба поён расидани “Маснавихонӣ” чанд тан аз иштирокчиёни маҳфил баромада, аз осори Мавлавӣ шеъру ғазалҳо қироат карданд. Дар байни онҳо ду духтарча дар қироати шеър ҳунари хеле воло намоиш доданд. Ҳарду духтарчааҳо шеър низ менавиштаанд. Оқои Ҳаддод Одил онҳоро хеле ситоиш кард ва даъват намуд, ки ҳамеша меҳмони азизи маҳфили “Маснавихонӣ”-и ӯ бошанд.
Тибқи ваъда раиси Бунёди Саъдӣ ба ҳар меҳмони ӯзбекистонӣ аз маҷмӯаи “Ҳанӯз ҳам…” як донагӣ тақдим кард. Вай бори дигар ба ин меҳмонон таъоруф нишон дод.
— Равобити Эрон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон хеле нарм шуда меравад. Мо бояд ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангиро тавсеа бахшем. Ҳамаи мо аз як марзу бум ҳастем ва чизе нест, ки байни ҳам тақсим кунем. Алломаҳои мо муштараканд ва дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми худро гузоштаанд. Онҳо ифтихори мардуми мову оламиёнанд,-гуфт зимни хайрухуш оқои Ҳаддод Одил.
— Ширкат дар маҳфили “Маснавихонӣ” ҳодисаи фаромӯшнопазир буд. Мо низ бояд ин анъанаи некро дар шаҳру ноҳияҳои худ дубора барқарор кунем. Замоне шудааст, ки ин анъанаҳо дар байни мардуми мо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд. Роҳандозии маҳфилҳои мавлавихонӣ, ҳофизхонӣ, хайёмхонӣ, шоҳномахонӣ ва амсоли он дар боло рафтани тафаккури одамон, хоссатан, зеҳни ҷавононамон нақши муҳим мебозад,-гуфт дотсенти Донишгоҳи давлатии Тирмиз Рамазон Абдуллоев.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, Теҳрон.