12-уми август дар шаҳри Самарқанд форуми байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт, ки лоиҳаи конвенсия ё созишномаи СММ дар умури ҳуқуқи ҷавононро таҳти баррасӣ қарор додааст. Ин форум ду рӯз давом хоҳад кард.

Дар форум намояндаи Дабири кулли СММ  оид ба кори ҷавонон, вакили Бюрои ниҳодҳои бемократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, мудири иҷроияи комиссияи ҳуқуқи башари Созмони Ҳамкории Исломӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, раиси Форуми парлумони иттифоқи ҷавонони байнипарлумонӣ, намояндаи ниҳоди ҳуқуқи башари Русия, Иттифоқи Африқо, ҳамчунин вакилони корпусҳои дипломатӣ, ниҳодҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ,  созмонҳои ҷавонон, олимону коршиносон ширкат ва маърӯза мекунанд.

Гуфта мешавад, дар ин форум масъалаҳои марбут ба таъмини ҳуқуқи ҷавонон ва такмили механизми он  дар меҳвари гуфтугӯ қарор мегиранд.

Дар чаҳорчӯби форум татбиқи ташаббуси Шавкат Мирзиёев дар мавриди ташкил намудани форуми ҳоимӣ амалкунандаи Самарқанд ва баррасии лоиҳаи созишномаи СММ оид ба ҳуқуқи ҷавонон, ки    Президенти Ӯзбекистон дар иҷлосияи 72-и Маҷмаи умумии СММ пешниҳод намудааст, мадди назар мебошад.

Дар форум имкон фароҳам оварда шудааст, ки перомуни лоиҳаи созишномаи мазкур ширкаткунандагони он фикру мулоҳизаҳои худро иброз намоянд.

Коршиносон дар лоиҳаи созишномаи СММ оид ба ҳуқуқи ҷавонон пешниҳод кардаанд, ки принсипҳои сиёсати ҷавонон бо дарназардошти  ба инобат гирифта шудани талабу дархостҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷавонон, иштироки онҳо дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ таъмин гардад, ҳамзамон аз ҷавононе, ки дар шароити ногувор кору зиндагӣ мекунанд ва аз нигоҳи иҷтимоӣ дар ҳолати бад қарор доранд, ҳимоят шавад.

Ғайр аз ин, он нукта мадди назар гирифта шавад, ки ҷавонони аз 18 то 30-сола гурӯҳи махсуси демографии тамоми аҳолиро ташкил медиҳанд. Барои ҳамин ҳаёт ва ҳуқуқи онҳо ҳаматарафа бояд дастгирӣ ва ҳимоя карда шаванд, аз таҳдид ва истисмор орӣ бошанд, озодона равуо намоянд.

Сониян,самтҳои ӯҳдадории давлат дар соҳаи сиёсати ҷавонон бояд муайян гардад. Ба ин чорабиниҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ шомиланд, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон нигаронида шудаанд.

Форуми Самарқанд идомаи мантиқии форуми Осиёӣ мебошад, ки 22-23 ноябри соли 2018 бо иқдоми президент Шавкат Мирзиёев дар ин шаҳр баргузор шуда буд. Он ба мавзӯи “Ҷамъбасти 70-солагии қатъномаи умумии ҳуқуқи башар:таҳдидҳои давр ва воқеъият” бахшида шуда, намояндагони 20 созмони байналмилалӣ ва 30 кишвар мушорикат доштанд.

Мувофиқи барнома форуми Самарқанд  он ба таври онлайн мегузарад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here