Бар асоси хабари дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзҳои 10-11-уми ноябри соли равон дар шаҳри Самарқанд конфронси бонуфузи байналхалқӣ баргузор мегардад. Муассисии ин конфронси даҳумро Клуби байналхалқии мунозираи “Валдай” бар дӯш дорад, ки бори нахуст дар Ӯзбекистон ифтитоҳ меёбад.

Конфаронс таҳти унвони “Осиёи Марказӣ ва АвруОсиё: ҳамкории ҳамаҷониба алайҳи таҳдиди беназмиҳои байналхалқӣ” роҳандозӣ хоҳад шуд. Дар кори конфаронс беш аз 60 нафар коршиноси Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия, Қазоқистон, Хитой, Ҳиндустон, Олмон, Филиппин, Япония ва Шветсия ширкат мекунанд.

Интизор меравад, ки дар муддати ду рӯз иштирокчиёни конфаронси байналхалқӣ дар мавзӯҳои нақши минтақа дар корҳои умумиҷаҳонӣ, таҳдид ба амнияту субот, амалкарди якҷоя тавассути ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амсоли он якчанд иҷлосияҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро низ баргузор мекунанд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ин конфаронси байналхалқӣ дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи стратегӣ ва таҳқиқоти байниминтақавии назди дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳандозӣ мешавад.

Мирасрор Аҳроров.

Хабарнигори “Фараж”, Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here