«Публисистикаи Саломуддин Мирзораҳматов-муаррифгари чеҳраҳои таърих ва сиёсӣ» мавзӯи мизи гирдест, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар конференсия раиси Иттифоқи нависандагони кишвар Низом Қосим, роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, нависанда ва публисист Бахтиёр Муртазоев, директори МТЖТ Хуршед Ниёзов, рӯзноманигор ва драманавис Ҷумъа Қуддус ва дигар нависандагону рӯзноманигорони саршиноси Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Модератори чорабинӣ сармуҳарррири ҳафтаномаи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов зимни ифтитоҳи конфронс оид ба кору фаъолият ва эҷодиёти рӯзноманигор ва публисист Саломуддин Мирзораҳматов, ки феълан дар хориҷ аз кишвар ҳаёт ба сар мебарад, маълумот дода, ӯро  ҳамчун эҷодкори оташинқалам ва ватандӯст унвон намуд.

Ҳамчунин, маҷмӯаи мақолаҳои публисистии Саломуддин Мирзораҳматов бо номи «Оинаи каҷнамои демократияи тоҷик» муаррифӣ гардид, ки дар он аз ҳақиқати талхи зиндагии қаҳрамонҳо-иштирокчиёни ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90-уми асри гузашта нақл карда мешавад ва барои пайдо намудани ҷавоб ба саволҳои «Кӣ кӣ аст?» ва «Кӣ чӣ арзиш дорад?» кӯшиш менамояд.   

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here