«Публисистикаи Саломиддин Мирзораҳматов — муаррифгари чеҳраҳои таърихӣ ва сиёсӣ» мавзӯи мизи гирде буд, ки нимаи аввали имрӯз, 14-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар конфронс раиси Иттифоқи нависандагони кишвар Низом Қосим, роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, нависанда ва публисист Бахтиёр Муртазоев, директори МТЖТ Хуршедҷон Ниёзов, рӯзноманигор ва драманавис Ҷумъа Қуддус ва дигар нависандагону рӯзноманигорони саршиноси тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.

Модератори чорабинӣ — сармуҳарррири ҳафтаномаи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов зимни ифтитоҳи конфронс оид ба кору фаъолият ва эҷодиёти рӯзноманигор ва публисист Саломиддин Мирзораҳматов, ки феълан хориҷ аз кишвар, дар Қазоқистон ҳаёт ба сар мебарад, маълумот дода, ӯро ҳамчун журналисти оташинқалам ва ватандӯст унвон кард.

Ҳамчунин, маҷмӯаи мақолаҳои публисистии Саломиддин Мирзораҳматов бо номи «Оинаи каҷнамои демократияи тоҷик» муаррифӣ гардид, ки дар он аз ҳақиқати талхи зиндагии қаҳрамонҳо — иштирокчиёни ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90-уми асри гузашта нақл карда мешавад ва барои пайдо намудани ҷавоб ба саволҳои «Кӣ кӣ аст?» ва «Кӣ чӣ арзиш дорад?» кӯшиш менамояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки конфронси мазкур бо ташаббуси ҳафтаномаи «Минбари халқ» ва Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ баргузор карда шуд.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here