Дар шаҳри Душанбе, дар кинотеатри “Ватан”, филми Муҳиддин Музаффар, ки “Сайёра ранг иваз мекунад” ном гирифтааст, пешкаши тамошобинон гардид.
Филми мазкур дар студияи “Суғдсинамо” ба навор гирифта шудааст. Дар ин филм ҳунармандони асили синамои кишвар Қурбон Собир, Абдулмӯъмин Шарифӣ, Тағоймурод Давлатов ва Таҳмина Раҷабова нақшофарӣ кардаанд.
“Сайёра ранг иваз мекунад” филмест, ки тасвиргари ҳодисот ва рӯйдодҳои иҷтимоии ҳаёти имрӯз аст, ки аз нотавонбинии сарватманд то бадкориҳои писари сарватманд хеле нозукбинона ва воқеабинона тасвир шудааст. Аз бадкориҳои писарони пулдор, ки чашмашон танҳо сарвату молро мебинаду танҳо хоҳишашон паст кардани нафс аст, аз нотавонии модари мармӯз то бузургии як зан, ки метавонад шоми сияҳро сафед гардонад, тасвир шудааст.
Ёдовар мешавем, ки студияи “Суғдсинамо” аз сол 2015 таъсис ёфта, дар давоми 4 соли фаъолияташ 4 филми калонҳаҷм таҳия сохтааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here