Дар саҳни бинои беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ шумораи зиёди сагҳои дайду гаштугузор мекунанд, ки ин ҳолат боиси норозигии корафтодагон шудааст.

Як сокини ноҳия, ки имрӯз  ба аёдати наздиконаш ба беморхонаи марказии ноҳияи мазкур омада буд, гуфт, ки ҳангоми ворид шудан ба беморхона метарсад, ки сагҳои дайдуи саҳни  беморхона нагазанд. «Хуб мешуд масъулон сагҳоро аз саҳни  беморхона берун мекарданд, зеро ҳамарӯза ба инҷо беморон ва сокинони зиёд ба аёдати пайвандонашон меоянд», — шикоят кард ӯ.

Майсара, зани дигаре, ки корафтодаи ин беморхона буд, низ бо нигаронӣ изҳор кард, ки шабона ба саҳни беморхона аз зиёд будани сагҳо бо тарсу ҳарос мебароянд. «Наход дар дохили беморхона ин қадар саги дайду зиёд бошаду масъулон инро нодида гиранд?», — илова кард ин зан.

Дар ҳамин ҳол, сармуҳандиси корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия Саломатшо Майфурушов, қайд кард, ки аз сабаби набудани тир наметавонанд сагҳои дайдуро  безарар гардонанд.  Дар 9 моҳи соли равон дар ин беморхона 16 саги дайду безарар гардонида шудааст. «То ба мо аз тарафи маъмурияти беморхона мактуби расмӣ  нарасад, мо наметавонем сагҳои дайдуро безарар гардонем», — зикр кард ин шахси масъул.

Дар масъалаи зиёд будани сагҳои дайду дар саҳни бинои беморхона хостем бо масъулони беморхона суҳбат кунем, мутаассифона, касеро  пайдо накардем.

Саломатшо Майфурушов, илова кард, ки дар ин давра  112 саги дайду дар маркази ноҳия безарар гардонида шудаанд. «Аммо боз сокинони деҳот сагҳои худро ба марказ оварда сар медиҳанд, ки ин сабаби зиёд шудани теъдоди сагҳои дайду мегардад», — гуфт ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here