Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе чоҳи навсохташударо, барои таъмини оби нушокӣ, ба Горди миллии Тоҷикистон супорид. Дар маросими супоридани чоҳи мазкур атташеи ҳарбии ИМА, подполковник Ҷошуа Мадлингер ва муовини фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон, генерал-майор Ализода Ҷонибек, иштирок намуданд.

Сохтмони лоиҳаи “Чоҳ” дар чаҳорчубаи Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар, тибқи боби 10-и моддаи 284-и Вазорати мудофиаи ИМА, аз тарафи сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ ва амалӣ карда шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 110 ҳазор доллари ИМА мебошад. Ин иншоот чорабиниҳои Маркази таълимии Горди миллиро, ки барои гузаронидани машқҳои муҳим, баҳри бехатарии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, дастгирӣ мекунад. Таҳкими иқтидори Маркази таълимии Горди миллӣ имкониятҳои Марказро дар самти таъмин намудани омӯзиш барои хадамоти амнияти Тоҷикистон, ба хотири ҳимояи кишвар аз ҷиноятҳои фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва созмонҳои ифротгарои зуровар, ба таври назаррас васеъ мекунад. Соли 2011 сафорати ИМА сохтмони Маркази таълимии Горди миллиро бо арзиши 3,1 миллион доллари ИМА, барои мубодилаи таҷрибаи бой, имкониятҳои ташкилӣ ва инфрасохтори муҳим барои гузаронидани дарсҳои омузишӣ, дастгирӣ намуд.

Иёлоти Муттаҳида, чун ҳарвақта, садоқати худро баҳри шарикӣ бо Тоҷикистон, барои дастгирии пойдории амният, соҳибихтиёрӣ ва нақши он дар суботи минтақавӣ, тасдиқ менамояд.  Ин талошҳо нақши мусбиеро, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини сулҳу шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон, тавассути дастгирии сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва мубориза алайҳи терроризм мебозанд, дастгирӣ менамоянд.

Иёлоти Муттаҳида тули 29 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд ва дар ин муддат тавассути барномаҳое, ки бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, маблағгузорӣ намуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here