Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими супоридани таҷҳизоти муайянкунандаи радиатсия аз ҷониби Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.

Дар маросими тақдими таҷҳизоти муайянкунандаи радиатсия намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ намуданд.

Таҷҳизоти мазкур аз ҷониби Идораи муайянкунандаи кочоқ ва назорати моддаҳои ҳастаии Вазорати энергетикаи ИМА (NSDD), дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хайрия шудааст.

Ҷон Гинкел, кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳанӯз ноябри соли 2011 ҳукуматҳои Тоҷикистону ИМА созишномаи муштараки ҳамкорӣ дар барои мубориза бар зидди қочоқи маводи ҳастаӣ ба имзо расонида буданд.

— Таҷҳизоти тақдимшуда аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва хизматрасонӣ карда мешавад ва барои мубориза бар зидди қочоқи маводи ҳастаӣ, ки ҷузъи муҳими ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ ба ҳисоб меравад, истифода бурда мешавад.

Ба қавли Ҷон Гинкел иқдоми мавриди зикр, ҳамчунин баҳри иҷроиши қатъномаи СММ, ки таҳти №1520 соли 2004 қабул шуд, амалӣ карда мешавад.

Дар навбати худ Илҳом Мирсаидов, директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ изҳор дошт, ки дар тӯли 5 соли охир бо дастгирии шарикони рушд гузаргоҳҳои сарҳадии Пахтаобод, Дӯстӣ, Спитамен, Истиқлол, Хошадӣ ва Панҷи Поён бо порталҳои статсионарии радиатсионӣ бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ муҷаҳҳаз карда шуданд.

— Дар назар аст, ки дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд то соли 2020 фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар низ бо чунин дастгоҳҳо муҷаҳҳаз карда хоҳанд шуд. Чунин портали статсионарӣ ҳамчунин дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос барои истифодабарии омӯзишӣ насб карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2013 инҷониб Идораи муайянкунандаи қочоқ ва назорати моддаҳои ҳастаии Вазорати энергетикаи ИМА (NSDD) беш аз 2,7 миллион доллари ИМА-ро барои дастгирии кӯшишҳо баҳри мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ ва радиологӣ харҷ намудааст. Дар давоми ин муддат NSDD Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳашт адад системаи муайянкунӣ ва чор адад борхалта барои муайян намудани радиатсия таъмин намуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here