Дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муовини аввали вазири корҳои хориҷии ин кишвар Илҳом Неъматов, мушовири президент Турсунхон Худойберганов, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ба ноҳияи тоҷикнишини Сӯхи вилояти Фарғона омаданд. Онҳоро ҳокими ин вилоят, узви Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шӯҳрат Ғаниев ҳамроҳӣ кард.
Ин меҳмонон бо нону намак истиқбол гирифта шуданд. Садои карнаю сурнай низ ба ҳаво дакка зад. Меҳмонон дар маросими кушодашавии бинои иловагии мактаби таълимоти миёнаи рақами 11 ширкат карданд. Ҳамчунин, аз мактаби таълимоти умумии рақами 12-и ноҳия, воқеъ дар деҳаи Қизилқиёқ боздид карданд. Гуфта шуд, ки ин мактаб соли равон аз тармими куллӣ баромадааст.
— Ба ин мактаб ворид шуда, дидам, ки дар радифи парчам, матни суруди миллӣ ва рамзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон парчам, матни суруди миллӣ, рамзи Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ гузошта буданд. Аз ин иқдоми маъмурияти мактаб, ки дар он таълим пурра ба забони тоҷикӣ сурат мегирифтааст, хеле хушҳол шудам, — гуфт сафири тоҷик Содиқ Имомӣ.
Саҳни мактаби мазкурро аксҳои калони президентҳои ду кишвари ҳамҷавор ва дӯст — Ӯзбекистону Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон оро медод. Ҳарду даст ба дасти ҳам дода буданд, ки беш аз дуним сол қабл муносибатҳои сарди Ӯзбекистону Тоҷикистонро барқарор сохтанд.
Содиқ Имомӣ сӯхиёнро бо фаро расидани иди Истиқлолият самимона шодбош гуфт. Вай ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки муносибатҳои ду кишвар беш аз пеш таҳким меёбанд ва равуо дар ду самти марз рӯзмарра меафзояд.
Ин дуюмин сафари сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд ба ноҳияи Сӯх аст. Бори аввал сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Тоҷиддин Мардонов соли 1999 ба ноҳияи Сӯх омада, бо ҳокими вақти он Баҳодурҷон Обидҷонов, мардуми меҳнатдӯст ва фарҳангдӯсти он дидору мулоқотҳо анҷом дода буд.
Мирасрор Аҳроров, мухбири “Фараж”, вилояти Фарғона, Ӯзбекистон