Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба ифтихори Рӯзи ҳуқуқи башар барандагони ҷоизаҳои ҳуқуқи инсонро, ки аз ҷониби Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният бо дастгирии Сафорати ИМА тақдим карда мешаванд, табрик гуфт.

Дар ин нома гуфта мешаад, ки ташкилоти ғайридавлати “Ташабуси Ҳуқуқӣ”, рӯзноманигори «Азия-Плюс» Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва хабарнигор Маҳпора Киромова барои ҷалби диққат ба муборизаҳои одамони камбизоат дар ҷомеа ва дастгирии онҳо ҷойизадор шудаанд.

Дар нома инчунин гуфта мешавад, ки ҳукуматҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, рӯзноманигорон ва шахсони алоҳида ҳама дар ҳимояи ҳуқуқи инсон нақш мебозанд. Иёлоти Муттаҳида ҳомиёни ҳуқуқи башарро дастгирӣ менамояд ва мунтазам ҳукуматҳоро даъват мекунад, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандони худро ҳимоя кунанд.

— Ҳамаи мо бояд кӯшиш кунем, ки принсипҳои Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсонро, ки Созмони Милали Муттаҳид дар ин рӯз, соли 1948 қабул кардааст, риоя кунем. Тоҷикистон ба Паймони Байналмилалии СММ оид ба шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи сиёсӣ имзо гузоштааст, ки аз кишварҳо талаб мекунад, ки ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, эътиқод, гирдиҳамоӣ ва ҳуқуқ ба мурофиаи одилонаро ҳимоя намоянд. Ба назари ман, новобаста аз ҷои зист, ҳамаи мо бояд дар беҳтар намудани ҳуқуқи башар барои шаҳрвандони ҷомеаҳоямон фаъолият кунем, — гуфтааст Ҷон Марк Поммершайм.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here