8-10-уми феврали соли равон ҳайати гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия сафар карданд.

Дар доираи ин сафар вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ҳайати гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо як қатор намояндагони Ҳукумати Федератсияи Русия вохӯриву суҳбатҳои корӣ анҷом дод. Аз ҷумла, бо Кварцов Сергей Сергеевич — вазири маорифи Федератсияи Русия, Глушко Дмитрий Евгеневич — муовини якуми вазири маорифи Русия, Бачарова Наталя Александровна — муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Русия, Шибеко Валерий Геннадевич — сардори шуъбаи Тоҷикистонии Вазорати корҳои хориҷии Русия вохӯрданд.

Зимни мулоқоти дуҷонибаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода М. С. ва вазири маорифи Федератсияи Русия Кварцов С. С. ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оғози корҳои сохтмонӣ дар 5 мактаб, ки аз ҳисоби буҷаи Ҳукумати Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад, пас аз мувофиқаи лоиҳаи тарҳи биноҳо семоҳаи дуюми соли 2021 ба роҳ монда шавад.

Дар мулоқот бо муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Бачарова Н. А. ҷонибҳо оид ба ҳалли мушкилоти дуҷониба дар робита ба масъалаи пайгирӣ ва ба имзо расонидани Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба баробарарзишии дараҷа ва унвонҳои илмӣ, додани иҷозат барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия, зиёд намудани теъдоди квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия табодули назар намуданд.

Ҳамчунин, дар рафти мулоқотҳои доиргардида дар бораи хотимаи расмиёти ба тавозуни ҷониби Тоҷикистон гузаштани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Кӯлоб низ гуфтугӯйи ҷонибҳо сурат гирифт.

Бояд қайд кард, ки вохӯриҳо дар фазои ҳусни тафоҳум ва дарки манфиатҳои ҳарду кишвар анҷом пазируфтанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here