Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Туркманистон сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро муовини сарвазири ҷумҳурӣ, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here