Имрӯз, 22-юми сентябр, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот, ба вилояти Хатлон ташриф овард.
Бино ба хабари шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон роҳбари давлат зимни ин сафари кории худ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бинои шуъбаи маориф, маркази хизматрасонии муосир, рамзи Парчам ва Нишони давлатӣ, майдончаи варзишӣ, Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус” ва дигар иншоотро мавриди истифода қарор дод.
Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус ба 78 ятим, писарону духтарон, ки зери парастории Ҳукумати кишвар қарор доранд, туҳфаҳо, иборат аз сару либосӣ мавсимӣ, шиму костюм ва пойафзол тақдим намуда, бо фаъолони ноҳия суҳбат анҷом дод.