Акнун сокинони ду кишвар -Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавонанд, ки ба муддати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои якдигар сафар намоянд. Дар ин бора рӯзи 9-уми март президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон пас аз мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар дар Қасри Миллати Душанбе, ба мувофиқа расиданд. Миёни ду кишвар дар маҷмӯъ 27 созишнома ва санадӣ байниҳукуматӣ ба имзо расидааст.
Ба гуфтаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ягон масъалаи муҳими ҳалношуда боқӣ намондааст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти матбуотии худ сафари Шавкат Мирзиёв ба Тоҷикистонро таърихӣ хонд ва гуфт, ки “ба созиши таърихӣ бо Ӯзбекистон даст ёфтем”. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ният доранд, ки ҳаҷми додугирифт миёни ду кишварро дар оянда то ба 1 миллиард доллар бирасонанд. Президенти Тоҷикистон марзи ду кишварро “сарҳади дӯстӣ” номид ва гуфт, ба созиш расиданд, ки аз захираҳои кӯли Сарез барои рушди ду кишвар истифода кунанд.
Шавкат Мирзиёев дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ин сафараш аз он ҷиҳат таърихӣ аст, ки ҳайатҳои ду кишвар ҳама масъалаҳоро ҳал карданд. “Агар аз ман суол кунед, ки ягон масъалаи муҳими ҳалношуда боқӣ монд, ё не, ман дақиқан мегӯяд, ки не”, — афзуд Шавкат Мирзиёев.
Ӯ гуфт, ки гуфтугӯҳояшон бо ҷониби Тоҷикистон осон набуд, аммо ҷонибҳо мақсади ягонаи ҳалли ин масоилро доштанд. “Талошҳои мо хости мардуми ду кишвар буд ва мақсади ягонаи мо ҳам хурсанд кардани мардум аст”, — гуфт ӯ.