Садамаи “Таксии 1111” боиси роҳбандӣ дар хиёбони Рӯдакӣ гардид, аммо маълум нест, ки он талафоти ҷонӣ дар пай дошт, ё на.

Садамаи нақлиётӣ субҳи имрӯз, 5- уми феврал, дар хиёбони Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи меҳмонхонаи “Вахш” рух дод ва барои чанд дақиқа ба ҳаракати мунтазами нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ монеа пеш овард. Тавре дида мешавад, “Таксии 1111” дар рӯи роҳ чаппа шудааст. То ҳануз сабаб ва ҳолати рух додани садама маълум нест. Ҳеҷ ниҳоде ин садамро шарҳ надодааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here