Дар рӯзи байналмиллалии ҳифзи бачаҳо ду кӯдак дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодисаи нохуш дар роҳи байни Душанбе-Кӯлоб рух додааст, ки боиси марги 4 нафар гардидааст.

Рӯзи 1-уми июни соли 2019, тахминан соати 12:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Абдураҳимов Қурбоналӣ Макамтошович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда Нусратов Маҳмадӣ Азизулоевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Данғара, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” хурдсолон Абдураҳимов Раҳим Раҳмонович, соли таваллудаш 2017, Абдураҳимов Султонҷон Усмонович, соли таваллудаш 2019, сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Нусратов Азизуло Нусратулоевич, соли таваллудаш 1955 ва Нусратова Озода Азизулоевна, соли таваллудаш 1982, сокинони ноҳияи Данғара, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Абдураҳимов Қ.М. ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Нусратов М.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here