Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пас аз ҷаноза мошини ҳомили ширкаткунадагони маросим чапа шуд, ки дар натиҷа ду кас вафот карду ду нафари дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Дар ҷамоати деҳоти Дӯстии  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имрӯз як мошини боркаши тамғаи “ЗиЛ” пас аз адои ҷаноза дар роҳи бозгашт ба ҷарӣ рафтааст.  Дар натиҷаи ин ҳодиса ду нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Гуфта мешавад, ки як нафари дигар ҳоло дар ҷарроҳӣ аст.

Иҷрокунандаи вазифаи сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Саидҷон Сафаров зимни тамоси телефонӣ гуфт, ки имрӯз 12 нафар осебдидаи ин садамаро ба беморхона оварданд. Аз 12 нафар ду кас аллакай фавтида буданд.

— Айни замон ҳолати ду нафари дигар вазнин буда, барои наҷоти ҳаёти як нафари дигар пизишкон даст ба коранд. Ҳафт нафари дигар, ки ҷароҳати сабук доштанд, пас аз ташхис ба хонаҳояшон рухсат шуданд, — илова кард сардухтур.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here