Як ронанда бомдоди 28-уми ноябр дар пойтахт бо автомашинаи «Мерседес Бенс» ба симчӯби канори роҳ бархӯрда ба ҳалокат расидааст. Сабаби ин садамро маркази матбуоти ВКД аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромадани ронанда эълон кардааст.

28-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 03:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Худойназаров Эмомназар Муҳаммадович, соли таваллудаш 1992, сокини кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Зебониссои пойтахт ба самти маҳаллаи Ховарон, дар рӯ ба рӯи бинои “Гимназия”-и хусусии Тоҷикистон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори рости роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа худи ронанда Худойназаров Э. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here