Дар Эрон ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Осмон» ба садама дучор шуд, ки дар натичаи он 60 мусофир ва 6 сарнишин ба ҳалокат расиданд.

Ин парвоз аз Теҳрон ба сӯи Ёсуҷ буд, ки баъд аз 50 дақиқаи ба фазо баромадани ҳавопаймо иртибот бо он қатъ шудааст. Ҳавопаймои ATR72 дар як минтақаи дастнораси наздики Исфаҳон суқут кардааст, ки нишатси чархболҳо аз сабаби абрӣ будани фазо ғайримумкин будааст. Наҷотдиҳандаҳо бо воситаи мошинҳо ба ҷойи ҳодиса расидаанд. Ҳавопаймо ба кӯҳи Дано бархӯрда, суқут кардааст. Аз ширкати ҳавопаймоӣ хабар додаанд, ки ҳамаи мусофирони ин ҳавопаймо ба ҳалокат расидаанд.

Боду ҳавои номусофид ва барфи зиёд садди роҳи ҷустуҷӯ шудааст. Гуфта мешавад, ки далели ба садама дучор шудани ҳавопаймо низ шояд бад будани вазъи ҳаво дар минтақа бошад.

Президенти Точикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол кард, ки дар он гуфта мешавад: «Фоҷеаи ҷон бохтани мардум бар асари суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андуҳи амиқи мо гардид».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here