Дар ду рӯзи охир дар роҳҳои кишвар садамаҳои зиёди нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷа чандин кас ба ҳалокат расидаанд. Дар ин миён кӯдакону занон ва пиёдагардон низ ҳастанд, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД.

Рӯзи 9-уми июни соли 2019, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Байзоев Суҳроб Рустамович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Сомонӣ, дар рӯ ба рӯи мағозаи “Тобон”-и шаҳри мазкур? аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Додоев Шараф Ҷӯрабоевич, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳраки Курушкада ва Ҳайитов Аҳмад Назирович, соли таваллудаш 1968, сокини кӯчаи Ленини шаҳри Истаравшанро зер кардааст. Дар натиҷа, Ҳайитов А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва

Додоев Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Рӯзи 10-уми июн, тахминан соати 15:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Эгамқулов Мансурҷон Муқимович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Саманд”, таҳти идораи ронанда Сафарова Фотима Шарифовна, соли таваллудаш 1971, соҳибкори инфиродӣ, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст. Сипас, ронандаи автомашинаи тамғаи “Саманд” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Умаров Ҳошимҷон, соли таваллудаш 1954, сокини шаҳри Истаравшан, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Саманд” Сафарова Ф.Ш. ва мусофираш Рустамов Маъруфҷон Муҳаммадҷонович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамон рӯз, тахминан соати 06:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Леганза” Насриддинов Худобахш Саидмуъминович, соли таваллудаш 1999, донишҷӯи соли 2-юми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Абай ба самти кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи бозори “Султони Кабир” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори чапи роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, Насриддинов Х.С. ва мусофирони автомашинаи мазкур Шаҳобиддинов Салоҳиддин Саидмузаффарович, Алимаҳмадов Зиёратшоҳ Асомиддинович, Раҳматуллоев Қамариддин Зубайдуллоевич, соли таваллудашашон 2000, сокинони деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Шаҳрванд Насриддинов Х.С. дар бермохона ба ҳалокат расидааст.

Шоми ҳамон рӯз, тахминан соати 18:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла” Давлатов Амриддин Вайсиддинович, соли таваллудаш 1976, соҳибкори инфиродӣ, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Испечаки пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №14 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Хушвахтова Малика Сафарбековна, соли таваллудаш 2018, сокини кӯчаи Испечакро зер кардааст. Дар натиҷа, хурдсол Хушвахтова Малика ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here