Беэҳтиётӣ боис шуда, ки боз як ҷавон ҳангоми рондани воситаи нақлиёт ба садама дучор шавад ва ба ҳалокат расад. Чунин як воқеа дар шаҳри Панҷакент рух додааст, ки сабаби марги ронанда ва захмӣ шудани мусофир шудааст.

Дирӯз тахминан соати 14:05, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тико” Воҳидов Раҳматҷон Мирзоқулович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Тошмунори ҷамоати деҳоти Чинори ин шаҳр, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин кардан натавониста, ба самти муқобили роҳ баромадаааст ва ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Тураев Шералӣ Ҳасанович, соли таваллудаш 1979, сокини деҳаи Чимқалъа, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Тико» Бегимқулов Фирузҷон Толибович, соли таваллудаш 1998, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мусофирони дигари автомашинаи мазкур: Мирзоева Хонимой Нарзуллоевна, соли таваллудаш 1971 ва Каримова Нигора Амировна, соли таваллудаш 1976, сокинони ноҳияи Панҷакент, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гашттаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here