Маркази матбуоти ВКД аз садамаҳои марговари рӯзҳои охир хабар дод, ки дар натиҷа чанд кас ба ҳалокат расида, чандин каси дигар ҷароҳатҳои ҷимонӣ бардоштаанд.

22-юми август, тахминан соати 22:15, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Шабонов Маҳмадшариф Давлатович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Сабо ба самти маркази ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Латифов Абдувоҳид, соли таваллудаш 1940, нафақахӯр, сокини деҳаи Қаҳрамони ҳамин ноҳияро зер кардааст. Дар натиҷа пирамарди нафақахӯр ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

23-юми август, тахминан соати 11:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико” Усмонов Нурулло, соли таваллудаш 1949, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Саркори ҷамоати деҳоти Т.Туйчиев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Ҳайдаралиев Акбаралӣ Абдуманонович, соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Гарави шаҳри мазкур бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико” Усмонов Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ҳайдаралиев А.А. ва мусофиронаш Назаров Тошмурод Кунгирович, соли таваллудаш 1960, Мингбоева Меҳриниссо Тағоймуродовна, соли таваллудаш 1973 ва Мингбоева Озода Тағоймуродовна, соли таваллудаш 2001, сокинони деҳаи Гарав, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

23-юми август, тахминан соати 16:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” Каримов Раҳимҷон Каримович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тағояк аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронанда Каримов Р.К. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here