Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз воқеъ шудани чанд садамаи нақлиётӣ хабар дод, ки дар пай қурбонӣ доштаанд ва бештари онҳо пиёдагардон будаанд.

13-уми октябри соли 2017, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “УАЗ-769”, Сагизов Отамурод Хушвахтович, соли таваллудаш 1966, сокини деҳаи Баҳори ноҳияи Ёвон, бо ҳамроҳии ҳамсараш, Раҳмонова Ҷумъагул Эргашевна, соли таваллудаш 1961, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти деҳаи Баҳор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар дараи наздикии деҳаи мазкур автомашинаро чаппа кардааст. Дар натиҷа худи ронанда, Сагизов О. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

14-уми октябри соли равон, тахминан соати 05:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Файзиев Сунатулло Абдураҳимович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Гулистон ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Истиқлоли шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Амонқулова Патма Эрқуловна, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Гулистонро пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

14-уми октябри соли ҷорӣ, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс С-180” Сафаров Абдурасул Бобоевич, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Карамов ба самти кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Лашкарова Бибимарям Азизовна, соли таваллудаш 2008, хонандаи синфи 3-юми МТМУ №62, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи Поёнро пахш кардааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here