Шаби 3-юми декабр дар ағбаи Фахробод, дар роҳи назди «Бозори мошин» садамаи нақлиётиии маргбор ба амал омад, ки дар натиҷа чор нафар аз як оила ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон расонида шуданд.
Шоҳидони ҳодиса имрӯз дар суҳбат бо faraj.tj гуфтанд, фоҷеа бо сабаби яхбандии шабонаи роҳ ба вуқуъ омадааст ва дар натиҷа корманди бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе Наврӯз Туманов бо завҷааш ва ду нафар фарзандони ноболиғаш ба ҳалокат расидаанд.
Сухангӯи ВКД Умарҷони Эмомалӣ низ рух додани ин фоҷиаи маргборро дар ағбаи Фахробод тасдиқ карда, гуфт феълан ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад ва маълумоти бештарро ироа карда наметавонад.
Шоҳидон мегӯянд, он бегоҳи шум дар мошини «Мерседес Бенс”-и Наврӯз Туманов ҳамроҳ бо ў ҳамсар ва чор фарзандаш аз шаҳри Қурғонтеппа, аз тӯйи яке аз надиконашон бармегаштанд. Пас аз бархӯрди сахт Наврӯз Туманов, ҳамсар ва ду фарзандаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд ва ду нафари дигарашро ба бемористони “Истиқлол” интиқол додаанд.
Аз рӯи ҳолати садама, ки мушоҳида карда шудааст, автомашинаи Наврӯз Туманов ба нақлиёти боркаши “Мерседес” бархӯрдааст ва аз зарбаи сахт ба масофаи 10-
Ба гуфтаи сухангӯи ВКД айни замон тафтишот дар ин самт идома дорад ва хулоса баровардан дар мавриди сабабу гунаҳгори садама барвақт аст.