Дирӯз сад модар дар ҳайати корвони «Модарони ваҳдатсаро» вориди вилояти Суғд шуданд. Дар назар аст, ки   ҳайати меҳмонон дар доираи сафари серӯзаи худ аз шаҳру навоҳии Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон ва Хуҷанд боздид ба амал оварда, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоят дидан кунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Инчунин бо иштироки онҳо 20-уми июни соли равон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии занон дар Ваҳдат аст» баргузор мегардад. Ҳайати саднафараи меҳмонон дар доираи сафари серӯзаи худ аз мақбараи сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, оромгоҳи Муҳаммад Башоро, Хона-музейи Лоиқ Шералӣ, пойгоҳи бостоншиносии Саразми шаҳри Панҷакент, мавзеъҳои таърихии «Қаҳ-қаҳа», «Чилҳуҷра», зиёратгоҳҳои «Туятошбобо» ва «Қутуратбобо»-и ноҳияи Шаҳристон, Қалъаи Муғ, мавзеъҳои таърихии «Сабристон» ва «Ҳазрати Шоҳ», Литсейи касбӣ-техникӣ, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Сари мазор»-и шаҳри Истаравшан, Осоишгоҳи «Зумрад», зиёратгоҳҳои «Лангари моҳиён», «Ҳазрати Шоҳ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфи Исфарангӣ, маҷмааи «Ҷаҳони нав», Маҷмааи таърихии «Қалъаи Сурх», Осорхонаи марказии шаҳри Исфара, Қасри Арбоб, Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик», Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов, Боғи миллии «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Осоишгоҳи «Баҳористон», майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боғи фарҳангию фароғатӣ ва истироҳатгоҳҳои шаҳри Гулистон, Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофии Зулфия Баҳриддинова, Боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, маҷмааи истироҳатии «Роҳи танобӣ» ва Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд боздид менамоянд.

Добавить комментарий