Дар Ӯзбекистон 11 нафар ректори донишгоҳ дар як рӯз аз вазифа сабукдӯш карда шуданд, ки гуфта мешавад, ба ин вазифа лоиқ намебошанд.

Ба ин тарзи ногаҳонӣ аз кор гирифтани ректорони 11 муассисаи таълимоти олии ин кишвар аз куҷо маншаъ гирифтааст? Президент  Шавкат Мирзиёев дар як мулоқоташ бо олимон, роҳбарони муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва вакилони бахшҳои истеҳсолотӣ, ки дар Кумитаи давлатии геология ва захираҳои мадании Ӯзбекистон баргузор намуд, фаъолияти баъзе муассисаҳои таълимоти олии кишварашро шадидан интиқод кард.

Ин мулоқот 31-уми январ ба вуқӯъ пайваст. Дар он Шавкат Мирзиёев ҳушдор медод, ки дар фурсати наздиктарин як идда ректорони донишгоҳҳо аз вазифа сабукдӯш хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Президенти Ӯзбекистон тибқи маълумоте, ки рӯи мизи кории ӯ ҳаст, ин ректорон бо он савияи дониш ва дараҷаи ватанпарастие, ки доранд, ректор шудан он тараф истад, ҳатто ба посбонии ин даргоҳҳо намеарзанд.

Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 14-уми феврали соли равон бар ин асос қарори вижа содир намудааст ва ректори 11 донишгоҳро аз вазифа ихроҷ кардааст. Донишкадаҳои давлатии омӯзгории Навоӣ, Қӯқанд, Тошканд, Ҷиззах, Донишкадаи муҳандисӣ ва сохтмони Намангон, Донишкадаи муҳандисии иқтисодиёти Қаршӣ,  бахши тошкандии Донишгоҳи давлатии техникии Астрахани Русия, Донишгоҳи давлатии Намангон, Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд, Донишкадаи давлатии стоматологии Тошканд, Донишкадаи кимиёву технологии Тошканд аз ҳамин шуморанд.

— Ин сабукдӯшкуниҳои Шавкат Мирзиёев дар пайи ҳамон ислоҳоти доманфарохе ба вуқӯъ пайваст, ки таҳти сарварии ӯ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвари мо пиёда мешаванд. Ҳанӯз чашми як қатор роҳбарони идораҳои давлатӣ, муассисаву ташкилот, ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо кушода нашудааст. Онҳо шояд дарк накардаанд, ки кайҳо вақти дигаргуниҳои куллӣ расидааст ва акнун ба тарзу услуби пештара кор кардану фикр рондан дар кишвари мо қобили қабули умум нест, — мегӯяд ба мухбири “Фараж” устоди Донишгоҳи муҳандисии иқтисодиёти Қаршӣ Шаҳриёр Аҳмедов.

Гуфта мешавад, ки аз кор сабукдӯш шудани ректорони 11 донишгоҳ аллакай барои ректорони тамоми донишгоҳҳои ин кишвар таккони сахт ва дарси ибрат хоҳад шуд, то ки онҳо масъулияти ба зима доштаашонро аз рӯи виждон ва ҳалолу пок иҷро кунанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here