Дар Тбилисӣ собиқ президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилиро дар ғайбаш ба се соли зиндон маҳкум карданд.
Ин парванда баъди куштори корманди як бонки маъруфи Гурҷистон Сандро Гиргвлианӣ дар соли 2006 оғоз шуда буд. Саакашвилиро барои суистифода аз мансаб дар моҳи ноябри соли 2008 маҳкум мекунанд. Ӯ омилони ҷинояти куштори ин корманди бонк — афсарони ВКД-ро бахшида буд. Гунаҳкоркунии Саакашвилӣ дар доираи парвандаи Гиргвлианӣ дар соли 2014 пешниҳод шуда буд.