Дар доираи таҷлили маъракаи 16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат нисбати занон, ки аз санаи 25-уми ноябр то 10-уми декабр идома мекунад, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузории чорабиниҳоро дар навоҳии гуногуни кишвар роҳандозӣ намудааст.

Дастандаркорони чорабинӣ бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ аз санаи 4-ум то 7-уми декабр дар шаҳрҳои Истаравшан, Исфара ва ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Cуғд бо аҳолӣ вохӯриҳо доир карда, оид ба қонуни ҶТ “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, роҳу усулҳои пешгирӣ, бетарафӣ зоҳир накардан нисбати зӯроварон ва ҷабрдидаҳо дар оилаву кӯча, коргоҳ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ маърӯзаву баромадҳои судманд анҷом доданд. Ҳамчунин тавассути роликҳои ҷолиби диққат ба ҳозирин тавонистанд фаҳмонанд, ки нисбат ба чунин амалҳои нангин бетараф набошанд.

Бино ба таҳлилҳои масъулини Дафтари САҲА, ҷабрдидаҳои зӯроварӣ ва хушунат дар оилаҳои тоҷик аксаран наварӯсони хонавода мебошанд, ки аз ҷониби хушдоманҳо, хоҳару бародарони шавҳар мавриди ин амали номатлуб қарор мегиранд ва бештари вақт он бо фоҷиа анҷом меёбад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here