17 ва 18-уми апрел Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои 35 рӯзноманигори ҷавон аз пойтахт ва минтақаҳои гуногуни кишвар курсҳои омӯзишии рӯзноманигории экологӣ ва масъалаҳои муҳими экологӣ дар Тоҷикистонро баргузор кард. Чорабинӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Рӯзноманигорони ҷавон, 18 зан ва 17 мард, аз шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Ҷайҳун, Бохтар ва Рашт дониши худро оид ба мушкилоти экологӣ дар кишвар, Конвенсияи Орхус ва тарзи ба тамошобин ва хонандагони воситаҳои ахбори омма гузоришдиҳии мавзӯъҳои муҳити зист васеъ намуданд.

Муовини сардори Маркази иттилоотии экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ибодулло Сангов гуфт: «Чорабинии имрӯза яке аз ташаббусҳои САҲА дар чаҳорчӯби ҳамкории судманди САҲА ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист мебошад. Бо дарназардошти аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар ташаккул додани афкори ҷомеа, САҲА дар ҳамкорӣ бо Кумита ният доранд, ки рӯзноманигорони ҷавонро барои баланд бардоштани огоҳии онҳо оид ба масъалаҳои экологӣ ва ба аҳолӣ расонидани иттилооти воқеӣ ва боэътимод омӯзонанд».

Филиппо Кривелларо, сардори Бахши иқтисодӣ ва экологии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гуфт: «Мо итминон дорем, ки мақолаҳои баландсифат ва иҷтимоиӣ дар рӯзномаҳо, интернет, барномаҳои радио ва телевизион метавонанд ба аҳолии бештар дар саросари Тоҷикистон дастрас бошанд ва ба татбиқи санадҳои стратегии ҳукуматӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мусоидат намоянд».

Дар доираи омӯзиш иштирокчиён ба корхонаи коркарди коғаз ва боғи ботаникии Душанбе рафта, аз дидаҳояшон гузориш таҳия карданд, ки баъдтар дар тренингҳо муаррифӣ ва таҳлил карда шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here