Воксини коронавирус, ки онро Донишгоҳи Оксфорд дар якҷоягӣ бо ширкати итолиёвии Irbm таҳия мекунад, метавонад дар тирамоҳ ё зимистон дастрас шавад, гуфт мушовири вазири тандурустии Италия ва намояндаи ин кишвар дар Созмони уҷаҳонии тандурустӣ Волтер Ричардӣ.

Дар ин бора ОИР “Новости” аз қавли ӯ, ки ба шабакаи телевизионии Rai3 хабар додааст, иттилоъ дод, ки «агар ҳамааш хуб шавад, дар тирамоҳ ва зимистон мо метавонем вояи аввалини воксинро, аз ҷумла барои итолиёвиён, ба даст оварем”.

Ба гуфтаи Ричардӣ, дар таҳияи воксинҳо Аврупо нисбат ба Иёлоти Муттаҳида пешсаф аст ва доруи итолиёвӣ-бритониёӣ назар ба дигарон дар зинаи пешрафта қарор дорад.

Дар бораи имкони мавҷи дуюми эпидемия, ки дар моҳи октябр ба вуқӯъ меояд, коршиноси итолиёӣ таъкид кардааст, ки «ҳеҷ кас ба ин 100% боварӣ дошта наметавонад.»

— Аммо мо боварӣ дорем, ки гум шудани вирус аз эҳтимол дур нест… Мо бояд ба як чунин заминларзаи эҳтимолӣ омода бошем, — гуфтааст Ричардӣ.

Дар нимаи моҳи май директори генералии Irbm Пиеро Ди Лоренсо гуфт, ки «кор оид ба воксин бениҳоят суръат ёфтааст» ва «эҳтимолияти зиёд аст, ки миқдори кофии вояҳо дар охири моҳи сентябр пайдо мешаванд». Вай таъкид кардааст, ки дар охири моҳи апрел воксин ба 510 ихтиёриён гузаронида шуд. Ҳолати онҳо ягон мушкил надорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here