Ҷаҳон ба марҳилаи нави хатарноки афзоиши дунёгир шудани коронавируси COVID-19 ворид шуд, гуфт директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Адхан Гебрейесус.

Вай ёдоварӣ кард, ки дар то 18-уми июн, СҶТ дар бораи беш аз 150 ҳазор ҳолати нави сироятёбӣ маълумот гирифтааст.

«Тақрибан нисфи ин ҳолатҳо аз Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ҳастанд ва шумораи зиёди сироятёбӣ низ аз Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи Наздик ба қайд гирифта шудаанд», гуфтааст Гебрейесус (иқтибос аз Reuters).

Мувофиқи маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, дар ҷаҳон 8,5 миллион ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ошкор шудааст. Аксари ҳолатҳо дар ИМА (2,1 миллион), Бразилия (978 ҳазор) ва Русия (568 ҳазор) ба қайд гирифта шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар ҷаҳон тақрибан 455 ҳазор нафар аз ин вирус вафот кардаанд. Тақрибан 4,2 миллион беморони гирифтори коронавирус шифо ёфтаанд.

СҶТ 11-уми март аз дунёгир шудани коронавирус хабар дода буд. Коршиносони созмон ҳушдор медиҳанд, ки агар кишварҳо барои бартараф кардани маҳдудиятҳои қаблан пешниҳодшуда шитоб кунанд, мавҷи дуюми бемории ҳамагир метавонад, харобиовар бошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here