Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) огоҳ кардааст, ки иммунитети коллективии коронавирус имсол ба гумон аст, ки пайдо шавад.

“Ҳарчанд ваксинаҳо бисёри аҳолиро аз беморӣ муҳофизат кунанд ҳам, вале мо соҳиби сатҳи болои масунияти аҳолӣ дар соли 2021 нахоҳем шуд”, — гуфтааст сармутахассиси СҶТ Сумия Сваминатан. “Он масунияти коллективие, ки дар кишварҳо пайдо мешавад, ҳоло тамоми ҷаҳонро муҳофизат карда наметавонад”, — илова кардааст ӯ.

Дар Аврупо то Амрико ва Осиё, сарфи назар аз он ки тамоми чораҳои муҳофизатӣ бар зидди беморӣ дар моҳҳои охир андешида шуда буданд, вале он устувории хешро нишон дод. Тавре дар гузоришҳои ВАО қайд карда шуд, сатҳи эмгузаронӣ бояд тақрибан 70 ё 80 дарсадро ташкил диҳад, то аҳолӣ аз сирояти сабук ҳифз карда шаванд.

Дар кишварҳои Аврупо ва ИМА ба эмгузаронӣ бо доруҳои ширкати Pfizer-BioNTech ва Moderna оғоз карда бошанд ҳам, вале раванд то ҳол дар сатҳи паст қарор дорад.

Рӯзи душанбе ширкати BioNTech-и Олмон хабар дод, ки дар соли 2021 тақрибан ду миллиард воя ваксинаро корхонаҳои нав бояд истеҳсол кунанд.

Вақте ки дору ба ду марҳила дода мешавад, ду миллион вояи он метавонад миллиард одамро аз беморӣ муҳофизат кунд. Дар айни замон аҳолии замин 7,6 миллиард нафаранд.

Дигар истеҳсолкунандагони ваксина Чин ва Русия мебошанд. Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки 800 ҳазор нафар эмгузаронӣ шудаанд. Русия мақсад дорад ваксинаи «Спутник-V»-ро, ки Маркази Гамалея таҳия кардааст, ба як қатор кишварҳо, аз ҷумла Сербия ва Аргентина интиқол диҳад.

11-уми январи соли равон сармутахассиси СҶТ Сумия Сваминатан суханронӣ карда, қайд кард, ки дар рушди ваксина «пешрафти бебаҳо» ба даст оварда шудааст. «Як сол пеш ҳеҷ кас тасаввур карда наметавонист, ки мо якбора на як ваксина, балки чанд ваксинаи алайҳи коронавирус хоҳем дошт. Вале то ҳол мушкилиҳо ҳастанд ва мо бояд сабур бошем”, — гуфт ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here