Роҳбари Созмони ҷаҳонии тадурустӣ Гебрейесус пешниҳод кард, ки ҷаҳон бояд ба пеш омадани эпидемияи нав омода бошад.
— Ҳамагир шудани коронавирусе, ки инсоният бо он дар соли 2020 рӯ ба рӯ шуд, охирон эпидемия нахоҳад буд. Дар ин бора директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Гебрейесус дар паёми видеоӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии омодагӣ ба эпидемия, ки 27-уми декабр қайд карда шуд, гуфтааст, — хабар медиҳад KP.ru.
“Таърих ба мо мегӯяд, ки эпидемияи вуҷуддошта охирон нахоҳад буд. Эпидемия — ин факт аст. Аммо сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, дастгирии ҳукуматҳо ва тамоми ҷомеа ва муносибати муштарак аз он шаҳодат медиҳад, ки фарзандони мо ва фарзандони онҳо ҷаҳони бехатару устувортарро ба мерос мегиранд”, — афзудааст мавсуф.
Бино ба гуфтаи ӯ, ба он ки як сол пеш дар борраи COVID-19 ҷаҳони мо маълумот надошт, бовар кардан ғайри имкон аст. Дар 12 моҳи охир ҷаҳон дигаргун шуда, оқибатҳои ҳамагирии беморӣ аз худи он фаротар рафтааст.
“Вале дар баробари ҳамаи ин, ягон чиз моро ба ваҷд намеорад: дар муддати чанд соли охир бисёр пешгӯиҳо ва тавсияҳо буданд. Ва ҳамаи онҳо фақат як чиз мегуфтанд: ҷаҳон ба он тайёр нест. Мо бояд тамоми дарсҳои ҳаётиеро, ки таҷриба кардаем, аз худ намоем”, — илова кардааст раиси СҶТ.
Гебрейесус барои коҳиш додани таъсири манфӣ ба ҷомеа ва иқтисодиёт се маслиҳат додааст. “Дар қадами аввал ҳама кишварҳо бояд ба барномаҳои назорати ҳама гуна ҳолатҳои фавқулодда ва кам кардани оқибатҳои онҳо маблағгузорӣ кунанд. Кӯмаки аввалия махсусан ба соҳаи тандурустӣ бояд равона шавад”, — гуфтааст ӯ.
Нуқтаи дуввум, ба ақидаи ӯ, ҳамоҳангсозии кори системаҳои тандурустӣ, ҳукуматҳо ва ҷомеа мебошад.
“Сеюм, коронавирус робитаҳои саломатии одамон ва ҳайвонотро фош кард. Ин мушкилро мо танҳо бо як роҳ ҳал карда метавонем — ғамхорӣ ба саломатии инсон”, — илова кардааст ӯ.