Табибони бритониёӣ натиҷаҳои истифодаи доруи дексаметазонро барои беморони коронавирус муаррифӣ карданд. Он сатҳи бемориро дар байни беморони вазнин, ки бо дастгоҳи нафас пайваст ҳастанд, 30% коҳиш медиҳад.

Озмоишҳои клиникии доруи стероидии дексаметазон дар табобати сирояти коронавирус дар Британияи Кабир пешрафти илмӣ мебошанд. Дар ин бора директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Гебрейесус изҳор дошт.

— Ин аввалин доруест, ки паст шудани сатҳи фавтро дар байни беморони COVID-19, ки ба дастгоҳи нафас ва оксижендармонӣ ниёз дорад, нишон медиҳад, — гуфт Гебрейесус дар як ҷаласа дар Женева.

Тибқи маълумоти пешакӣ, истифодаи дексаметазон сатҳи фавтро дар байни беморони ба дастгоҳи нафас васл аз се як ҳисса ва дар байни бемороне, ки ба оксижен  ниёз доранд, 20% коҳиш додааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here