Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, ҷавонон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва олии шаҳри Душанбе ба ҳар як муассисаи таълимӣ як корманди милисаро вобаста кардааст, то аз ҳама гуна амалҳои номатлуб ҷилавгирӣ карда шавад.

Ин иқдом тибқи фармони махсуси сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон таҳти №51 аз 23-юми феврали соли равон амалӣ шудааст.

Банди 2-и фармони мазкур кормандони ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе вобастагардидаро муваззаф месозад, ки робитаю ҳамкории зичро бо маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монанд. Аммо назарҳо нисбат ба талаботи банди 3-и ин фармон, ки «дар сурати рух додани чунин ҳодисаҳои номатлуб нисбати корманди милиса санҷишҳои хизматӣ гузаронида шуда, ҷазоҳои сахти интизомӣ татбиқ карда мешавад», гуногунанд.

Бархе сокинон бар он назаранд, ки татбиқи ин фармон акнун ҳуқуқвайронкунию ҷиноятҳо ва дигар амалҳои номатлубро миёни хонандагони мактабу муассисаҳои таълимӣ коҳиш хоҳад дод, зеро назорати ҷиддии корманди милиса метавонад, ба одобу рафтор ва гуфтори хонандагон низ таъсир гузорад. Дар баробари ин, сарусадоҳое ҳам ҷой доранд, ки аз ин ба баъд кормандони масъули милиса на танҳо талоши ошкор сохтани қонунвайронкуниҳо ва ҳатто ҷиноятҳои минтақаашонро намекунанд, балки кӯшиши руйпӯш сохтан ва ҳалли «бомаслиҳат»-и онро авлотар медонанд, чун аз ҷиноятҳо ба боло гузориш диҳанд, ҳатман худ ҷазо хоҳанд гирифт.

Мувофиқи фармони мазкур, ки иқдоми навбатии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ гуфт мешавад, инчунин шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳолатҳои бо мошинҳои шахсӣ, телефонҳои мобилӣ ва бо сару либоси ғайритавсиявӣ ҳозир шудани хонандагону донишҷуён низ зери назорати қатъӣ гирифта хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, давоми соли 2017 бо иштироки мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе 4 ҷинояти авбошии гурӯҳӣ содир гардидааст, ки дар натиҷа 2 нафар ҳалок ва 4 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here