Барои журналисти мардумӣ шудан, ба шумо шарт нест, ки дар васоити ахбори омма ё таҳсилоти рӯзноманигорӣ таҷрибаи кофӣ дошта бошед. Мо онеро ҷустуҷӯ дорем, ки мушоҳида карда метавонад ва рушду тараққиёти ҷомеаи Тоҷикистон барояш беаҳамият несту мехоҳад ба тамоми ҷаҳон муҳимтарин ва ҷолибтарин қисса дар бораи одамон, ҷойҳои ҷолиби диққат ва рӯйдодҳои муҳимро аз қаламрави минтақаи худ бигӯяд.

Интихоби номзадҳо дар асоси озмун сурат мегирад.

Пас аз интихоб барои номзадҳо тренингҳои омӯзишӣ дар шаклҳои зерин гузаронида мешаванд:

— Асосҳои рӯзноманигорӣ;

— Тарзи дарёфти қиссаҳои ҷолиб;

— Ҷамъоварӣ, таҳлил ва санҷиши иттилоот;

— Навиштани хабар, мақола, мусоҳиба, гузориш ва экспериментҳои рӯзноманигорӣ барои ВАО-и онлайнӣ.

Омӯзиш барои рӯзноманигорони мардумӣ муддати 5 моҳ, дар вақтҳои муайян аз моҳи май то сентябри соли 2019 гузаронида мешавад. Шумо метавонед натанҳо касби журналисти оҷонсии иттилоотиро ройгон амалӣ намоед, инчунин метвонед барои таҳияи маводҳои ҷараёни омӯзиш ҳаққи қалам гиред! Ҳамчунин, рӯзноманигорони мардумӣ имконият доранд, ки бо ВАО аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд. Ин имкониятро аз даст надиҳед!

Озмуни мазкур бо дастгирии “Интернюс” дар чорчӯбаи барномаи CAMP дар Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад.

Шумо метавонед ба почтаи электронии farzon.khol@gmail.com дархостҳои худро фиристед.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here